تبلیغات
یار خدا - ЗАН НАГИРЕД
 
یار خدا
ز گهواره تا گور دانش بجوی
Писар назди падар омада, арзи ҳол кард, ки духтареро дўст медорад ва мехоҳад издивоҷ кунад:
- Бобӣ, ман ба зангирӣ розӣ, ба шарте ки духтари дўстдоштаамро хостгорӣ бикунед.
- Майлаш бачам, духтар аз куҷо, ки ба хостгорӣ равем?
- Бобӣ, ў аз шаҳри Панҷакент, вале дар Душанбе таҳсил мекунад.
- Падару модар, хешу табораш дар куҷо зиндагӣ мекунанд, ки ба хостгорӣ равем

Ҳамаашон дар шаҳри Панҷакент зиндагӣ мекунанд.

- Не, намешавад! - О, чаро? Худатон гуфтаед, ки арўс аз куҷое бошад ҳам, ба шумо фарқ надорад.
- Бале, гуфта будам. Вале акнун, баъди 31 март фарқ дорад.
- Чӣ хел? Ана, ҳамин хел? Телевизор тамошо кардан даркор. Шумо ҷавонҳо телевизиони Тоҷикистонро тамошо намекунед ва аз бисёр воқеаҳои муҳим бехабар мемонед.
- Чӣ шудааст, бобӣ?
- 31 март роҳи Варзоб- Чаноқро пулакӣ карданд.
- Роҳ ба зангирии ман чӣ иртибот дорад?  
- Иртиботи мустақим дорад. Ҳуши ту ҳоло танҳо ба зангирӣ. Оқибаташро фикр намекунӣ.
- Нафаҳмидам.
- Аз пеши биниат дуртарро намебинӣ. Ин издивоҷи ту ҳам ба мо ва ҳам ба оилаи арўс гарон меафтад.
- Чӣ хел?
- Э, бачаи содда! Аз Душанбе то Панҷакент чанд километр?
- 260 километр.
- Аз ин роҳ то гардиши Шаҳристон роҳ пулакӣ аст. Медонӣ, чанд пул мешавад?
- 2-3 сомонӣ мешудагист.
- Хестӣ, ки хобӣ! Танҳо аз Чорбоғ то маркази ноҳияи Варзоб барои мошини сабукрав 5 сомониву 40 дирам пардохтан лозим аст. 1 километр роҳ барои мошини сабукрав 30 дираму барои мошинҳои калон аз 60 дирам то 1 сомониву 88 дирам аст.  Аз рўи ин нархнома барои то гардиши Панҷакент рафтан барои як мошини сабукрав 37 сомониву 80 дирам пардохтан лозим аст.  Ин нархнома барои 126 километр роҳ муқаррар шудааст. Фаромўш накун, ки танзим бошад ҳам, мо танҳо ва дасти холӣ намеравем. Бинобар ин боз ду-се мошини сабукрав ва ягон мошини боркаш лозим аст, то ки ҷиҳози арўсро барем. Медонӣ, ин чанд пул мешавад?
- Инро ҳисоб кардан лозим.
- Дар вақташ гуфтам, ки математикаро хон, ту фақат футболбозӣ кардӣ. Танҳо барои мошини боркаши  вазнаш аз 7 то 14 тонна 189 сомонӣ ва барои 3 мошини сабукрав 113 сомониву 40 дирам лозим аст. Ҷамъулҷамъ 302 сомониву 40 дирам мебояд. Ин маблағ  танҳо барои як тарафи роҳ лозим аст. Барои бозгашт боз ҳамин қадар маблағ масраф мешавад. Яъне фақат як хостгорӣ бе бензинпулӣ  604 сомониву 40 дирам роҳпулӣ мехоҳад.
Барои ҳамин ҳам беҳтараш аз дигар ҷо зан гир!
- Бобӣ, чӣ барои роҳпулӣ аз ишқи аввалам даст кашам?
- Бачам, зангириат қимат меафтад. Баъди хешу табор шудан камаш соле 5-6 маротиба аз хусурат хабар гирифтан даркор. Бо таксӣ равӣ ҳам, роҳкиро аллакай ду маротиба гарон шудааст. Дигар ба 100 сомонӣ ягон таксист сўят нигоҳ намекунад. Аз 200 сомонӣ чақ-чақ мекунанд. Нархи тайёра ҳам ба фалак мерасад. Пеш аз пулакӣ кардани роҳ якчанд рўз роҳро баста буданд, нархи билети тайёра аз 500 сомонӣ бештар буд. Ту, студент, ин қадар пулро аз куҷо мегирӣ? Беҳтараш аз Душанбе  зан гир.
- Духтарҳои шаҳр маъқул нест.
- "Оби дари хона хираву духтарҳои ҳамсоя…" бигӯй. Пас аз деҳоти атроф духтар хуш бикун.
-Духтарҳои атроф ҳам мисли шаҳриҳоянд.
- Пас аз Данғара  зан гир.  
-Чӣ?!  Чаро аз Рашту Бадахшон неву аз Данғара?
- Зеро Рашту Бадахшон як роҳ доранд.  Агар онро пулакӣ кунанд, баъд хонаи хешу таборони занат рафтан мушкил мешавад.
- Роҳи Данғараро ҳам пулакӣ мекунанд, магар беҳуда нақби "Шар-Шар"-ро сохтанду нақби "Чормағзак"-ро мекананд?
- Э, ҳафтафаҳм, агар роҳи ағбаи "Шар-шар"-ро пулакӣ кунанд, бо роҳи Сарбанд меравӣ ба хонаи хусурат. Яъне роҳи алтернативии бепул ҳаст.
Ҷовид МУҚИМ



نوع مطلب : عمومی، 
برچسب ها :
لینک های مرتبط :
نظرات ()
 
لبخندناراحتچشمک
نیشخندبغلسوال
قلبخجالتزبان
ماچتعجبعصبانی
عینکشیطانگریه
خندهقهقههخداحافظ
سبزقهرهورا
دستگلتفکر





آمار وبلاگ
  • کل بازدید :
  • بازدید امروز :
  • بازدید دیروز :
  • بازدید این ماه :
  • بازدید ماه قبل :
  • تعداد نویسندگان :
  • تعداد کل پست ها :
  • آخرین بازدید :
  • آخرین بروز رسانی :
امکانات جانبی