تبلیغات
یار خدا - Душанбе-пойтахти фарҳанги исломӣ»
 
یار خدا
ز گهواره تا گور دانش بجوی
Таҳти унвони «Душанбе-пойтахти фарҳанги исломӣ», имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба номи А. Фирдавсӣ конфронси илмию амалӣ баргузор гардид.
Душанбе, 15 апрел. - Конфронси мазкур ба Рӯзи пойтахт ва маркази фарҳанги исломӣ эълон шудани шаҳри Душанбе дар соли 2010 бахшида шуда буд. Дар он иштирокчиён дар мавзӯҳои «Ҷойгоҳ ва аҳамияти фарҳанги исломӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон», «Нақши Имом Бухорӣ ва дигар бузургони тоҷик дар пешрафти илм ва фарҳанги исломӣ», «Инъикоси фарҳанги исломӣ дар нусхаҳои хаттии китобхона» маърӯза карданд.
Дар баромади худ мудири маркази тоҷикшиносии китобхона Муҳаммадии Навид қайд намуд, ки мо бояд кӯшиш ба харҷ диҳем, ки сарзамин ва миллати худро дар қадами олимону файласуфони гузаштаи хеш аз нав эҳё намоем.
Дар охир дар толори намоишгоҳи китобхона намоиши китобӣ бо номи «Инъикоси тамаддун ва фарҳанги исломӣ дар осори мутафаккирони тоҷик» муаарифӣ гардид, ки дар он беш аз 100 китобу маҷалла оид ба фарҳанги исломӣ ва пойтахти тоҷикон ба маърази тамошо гузошта шуд


نوع مطلب : تاجیکستان عزیز، 
برچسب ها :
لینک های مرتبط :
نظرات ()
 
لبخندناراحتچشمک
نیشخندبغلسوال
قلبخجالتزبان
ماچتعجبعصبانی
عینکشیطانگریه
خندهقهقههخداحافظ
سبزقهرهورا
دستگلتفکر





آمار وبلاگ
  • کل بازدید :
  • بازدید امروز :
  • بازدید دیروز :
  • بازدید این ماه :
  • بازدید ماه قبل :
  • تعداد نویسندگان :
  • تعداد کل پست ها :
  • آخرین بازدید :
  • آخرین بروز رسانی :
امکانات جانبی