تبلیغات
یار خدا - Нақши Дуо дар зиндангии инсон
 
یار خدا
ز گهواره تا گور دانش بجوی

Ин матлаб як воқеиятест, ки ҳар инсоне чӣ диндор ва чӣ бедин онро дар даруни хеш борҳову борҳо таҷруба намуда ва ҳазорон бори дигар эҳсос хоҳад кард. Бинобар ин, ин масъала ҳеҷ иртиботе ба навъи боварҳо ва эътиқоди мардум надорад. Аз ин рӯ ин матлаб ҳаргиз қобили инкор набуда, ҳеҷ инсони мунсифе дар он шак раво намедорад. Ба ин ҳолат истилоҳан дуо гӯфта мешавад


Пас, дуо иборат аст аз ибрози аҷзу нотавонӣ ва талаби ёрӣ намудани инсон аз як қудрати мутлақ ва лоязол, ки мисдоқи  он касе ҷуз Худованд ва офаридагори ҳастӣ намебошад.
Ҳамчунон ки дар боло зикр шуд маъмулан инсон гаҳ-гоҳе ва дар ҳолатҳои изтирорӣ ба он қудрати мутлақ таваҷҷӯҳ пайдо менамояд, вале дар ҳолатҳои оддӣ аз он ғофил мебошад, гӯё фақат дар ҳангоми нотавонӣ ба он ниёз дошта ва дар ҳолатҳои оддӣ аз он бениёз бошад.
Акнун бояд дид, ки оё инсон дар ҳақиқат, танҳо гоҳ гоҳе бо Худованд ниёз дорад, ки фақат дар ҳамон ҳангоми хосс даст ба дуо баланд карда ва дар ғайри он таваҷҷӯҳе ба он қудрати лоязол надошта бошад. Ва ё инки чунин нест ва масъала басо дақиқтар аз ин бардошти сатҳӣ буда, ҳақиқат чизи дигар аст, ки мо аз он ғофил будаем.
Инҷо аввалин чизе, ки  ба назар мерасад ин аст, ки мо бояд дар қадами нахуст худро, ки дуокунанда ҳастем хуб бишиносем,  ки оё воқеан мавҷуде ниёзманд ба қудрати бартарем. Ва дар қадами баъдӣ он  зотеро, ки аз ӯ талаби ҳоҷат менамоем бишиносем, ки оё ӯ ҳақиқатан касест, ки қудрати лоязол дошта ва тавони  
дастгирии нотавононро дорад. Ва баъд аз шинохтани ин ду , яъне «дуокунанда» ва «дуопазиранда» бояд робитаи байни ин дуро хуб бишносем, ки оё бар фарзи ин, ки мо мавҷудоти ниёзманде бошем ва Худованд ҳам қодири мутлақ бошад, оё метавонем аз ӯ  дархости кӯмак намоем ва ӯ ҳам ба дархости мо посух диҳад, ё инки чунин нест, яъне ҳеҷ робитае миёни мо ва ӯ барқарор набуда ва мо беасос дасти дуо ба сӯи Худои «иҷобаткунанда» дароз менамоем.
Агар мо миқдоре дар вуҷуд ва дороиҳои худ тааммул намоем, хоҳем ёфт, ки  аҷаб чӣ қадар мо аз воқеият фосила доштем, чун баъд аз андаке тааммул ва воқеъбинӣ хоҳем дид, ки тамоми он чизҳое, ки мо онро аз худамон дониста ба худамон нисбат медодаем пиндоре беш набудааст. Агар мо тавон дорем, саломатӣ дорем, молу-манол ва фарзанду  аёл дорем ва хулоса агар ҳаёту зиндагӣ дорем ҳама ва ҳама аз ӯ буда ва ҳеҷ кадомро дар ихтиёр надоштаем. Ба далели ин ки тамоми инҳо вобаста ба хеле аз чизҳост, ки мо бар ҳеҷ як аз онҳо тасаллут надорем, монанди қонунҳои организми инсон, ки саломатии инсон ба онҳо вобаста аст, мисли ҳарорати бадан, гардиши хун, тапиши дил, ҳазми ғизо ва ғайра , ки агар камтарин халале дар яке аз онҳо пеш ояд, саломатии инсон дар хатар меафтад. Ҳамчунин қонунҳои табиат, ки ҳаёти инсон вобаста ба онҳост, мисли қонуни ҷозибаи замин, тобиши хуршед ва гази оксиген ва ҳазорон ҳазор қонунҳои дигар, ки камтарин тағйир ва дигаргунии ҳар кадом аз онҳо зиндагии инсон ва хеле аз мавҷудоти дигарро нобуд месозад. Молу манолу аёл ҳам, ки аслан нисбаташон ба инсон эътиборӣ буда бо гуфтани чанд калима аз даст мераванд. Гузашта аз ин, ҳамаи неъматҳо аслан вуҷудашон аз ҷониби Худованд аст яъне чунин нест, ки буду набудашон дар дасти худашон бошад. Бинобар ин мо худамон ҳам аз они худамон нестем чун худамон худамонро ба вуҷуд наёвардаем, пас мо барои вуҷудамон ҳам муҳтоҷ ба касе ҳастем, ки моро офаридааст.
Ва аммо масъалаи дуввум яъне инки оё Худованд, ки мо ӯро қудрати бартар дониста аз ӯ талаби ҳоҷат менамоем воқеан қодири мутлақ буда тавони дастгирии моро дорад
Агар мо фақат гоҳе ба ёди Худованд афтода, аз ӯ талаби ёрӣ менамоем, вале аксаран ўро фаромӯш намуда худро бениёз аз ӯ мепиндорем, ин дар ҳақиқат натиҷаи шинохт ва маърифати хатою сатҳии мо аз ӯ мебошад. Ба хотири ин ки мо аз холиқ ва офаридагор будани Худованд ҳамон бардоштеро дорем, ки нисбат ба корҳо ва сохтаҳои худ дорем. Бинобар ин вақте, ки гуфта мешавад Худованд холиқи башар аст мо чунин мепиндорем, ки масалан ҳамон гуна, ки соатсоз соатро сохта, Худованд низ башарро чунин сохта аст, ки башар ҳамчун соат фақат дар пайдоиш ба созандаи худ мӯҳтоҷ буда ва баъдан ҳамчун соат худ ба кори хеш идома медиҳад. Вақте чунин тасаввуре аз офариниш ва кори Худованд дошта бошем қатьан танҳо дар ҳамон вақт ба ў эҳсоси ниёз менамоем, ки дучори хатар шавем. Дақиқан ҳамон тавр, ки то дар сохтори як соат халале пеш наояд, он соат бе кӯмаки соатсоз ба кори худ идома медиҳад.
Вале агар андаке ба маънои офариниш бияндешем хоҳем фаҳмид, ки сахт дар иштибоҳ будаем; чун бо он фаҳми сатҳию ибтидоӣ, ки аз офариниш ва ташбеҳи он ба кору сохтаи башарӣ дорем, дар воқеъ на маънои офаринишро дуруст фаҳмидаем ва на маънои кор ва созандагии башарро. Балки бо фарқ нагузоштани байни ин ду  маъно аз ҳақиқати ҳарду ғафлат намудаем; зеро аввалан усто ҳаргиз соат ва ё ҳар чизи дигарро ба вуҷуд намеоварад то битавон офаридаи Худовандро ба он ташбеҳ намуд, балки танҳо коре, ки як усто анҷом медиҳад чиниши муназзами аҷзои як соат ва ё ғайри он аст, ки моддаи он аз қабл вуҷуд доштааст. Сониян, бар хилофи бардошти мо, чунин нест, ки Худованд ба чизе, чизе бидиҳад(мисли кори башарӣ, ки бар моддаи ашё як назми хоссе медиҳад), балки  Худованд худи ҳамон чизро меофарад
Бинобар ин, ҳолати тамомии мавҷудот ва аз он ҷумла инсон нисбат ба Худованд, дақиқан мисли ҳолати нур аст бар хуршед, балки болотар аз он. Ба далели он ки ин масъла дар ҷои худ дар илми фалсафа исбот шуда аст, ки ғайри Худованд ҳеҷ чизе ҳақиқатан иллати ҳастибахш нест ва танҳо нақше, ки доранд заминаро барои эҷоди як чиз фароҳам менамоянд. Бо ин ҳисоб хуршед ва нури он ҳарду махлуқи Худованданд чунин нест, ки хуршед махлуқи Худованд буда ва нури он махлуқи худаш бошад. Ва агар нур пайваста дар ҳоли тобиш аз хуршед буда қатъи тобиши нур боробар бо нобудии нур мебошад. Мавҷудот ҳам ҳамеша дар ҳоли офариниш аз ҷониби Худованд буда қатъи офаридан ва манъи файзи Илоҳӣ баробар бо нобудии онон аст.

 Бо ин баён равшан мешавад, ки на танҳо Худованд бар дастгирии башар қодир буда онҳоро ёрӣ менамояд, балки аслан вуҷуди башар ва ҳар махлуқи дигар бе ёрию файзи ӯ қобили тасаввур нест; чунин нест, ки мо дар зиндагии худ бениёз аз Худованд бошем, вале ҳаргоҳ эсоси нотавонӣ кардем дасти ниёз ба сӯи Худованд дароз бикунем ва ў ҳам онгоҳ дасти моро бигирад. Балки аслан худи вуҷудамон файзи Илоҳист на инки мо як вуҷуде барои худамон дошта бошем, ки файзи Илоҳӣ баъдан ба он бирасад.
Агар инсоне худро бениёз ва мустақил аз Худованд мепиндорад ў ба таъбири Қуръон «мухтоли фахур» аст; Қуръон мефармояд Худованд ҳеҷ хаёлбофи фахркунандаро дӯст надорад. Шояд ҳикмати канори ҳам овардани ин ду сифат ин бошад, ки вақте инсон чунин хаёл кунад, ки ў худ мавҷуде мустақил ва бениёз аз Худованд буда ҳарчӣ дорад аз худаш дорад, фахр мекунад. Ва ин хаёлу фахр беасос буда ва сабаби нисбат додани бениёзӣ бар худ мебошад дар ҳоле, ки танҳо бениёз Худованд мебошад. Ҳамчунин  тамоми саркашиҳои инсон дар муқобили Худованд дар ҳақиқат натиҷаи эҳсоси бениёзии ў аз Худост. Дар ин бора Қуръони Карим мефармояд:
ان الانسان لیطغی ان راه استغنی
Яъне: «Ҳамоно инсон саркашию туғён мекунад он ҳангом, ки худро бениёз бибинад
Дар муқобил, эҳсоси фақру ниёз ба Худованд аст, ки сабаб мешавад инсон фармонбардори маҳз ва бандаи холиси Худованд бошад. Пайғамбарон, ки беҳтарин бандагони хизматгузори Худованд буданд, сирраш ин буд, ки худро дар ҳама чиз мўҳтоҶу ниёзманд ба Ў медонистанд.
Дуо кардан ҳамон изҳори нотавонӣ ба пешгоҳи Худованд ва дархости ёрӣ ва кўмак аз фазли бекарони ўст, ки сарчашмаи ин масъала ҳамон вобастагӣ ва вуҷуди инсон ба Худованд мебошад. Аз ин рӯ ҳамчунон, ки дар олами ҳастӣ  агар як лаҳза файзи Илоҳӣ қатъ гардад  баробар бо нобудии инсон аст, ҳамчунин дар олами шариат низ  ғафлати инсон аз ёди Худованд ва дуо накардан ба даргоҳи ӯ сабаби бетаваҷҷўҳии Худованд ба ў мешавад.
Ба хотири ҳамин вобастагии зотӣ ва ниёзмандии доимии инсон ба Худованд аст, ки дар ривоёт ба мо супориш шудааст ҳатто барои алафи гўсфанд ва намаки ғизоямон ва ҳатто барои бастани бандҳои кафшамон аз Худованд талаби ёрӣ намуда дасти дуо ба даргоҳаш баланд намоем.
Бо равшан шудани ҳақиқати дуокунанда, яъне инсон ва робитаи ӯ нисбат бо дуопазиранда, яъне Худованд, аҳамияти дуо ва ҷойгоҳи он дар зиндагӣ ва бандагии инсон комилан маълум мешавад ва ба асроре, ки дар ривоёт дуо афзали ибодатҳо шумурда шудааст низ пай мебарем; чун агар инсон бо бинишу басират даст ба дуо баланд намояд ва худро дар муқобили Худованд ҳеҷ дониста тамоми камолоти ҳастиро ба ӯ нисбат бидиҳад, ҳақиқати бандагиро бо вуҷуди худ дарк мекунад, ки ин болотарин мақоми инсоният мебошад.


نوع مطلب :
برچسب ها :
لینک های مرتبط :
نظرات ()
 
لبخندناراحتچشمک
نیشخندبغلسوال
قلبخجالتزبان
ماچتعجبعصبانی
عینکشیطانگریه
خندهقهقههخداحافظ
سبزقهرهورا
دستگلتفکر





آمار وبلاگ
  • کل بازدید :
  • بازدید امروز :
  • بازدید دیروز :
  • بازدید این ماه :
  • بازدید ماه قبل :
  • تعداد نویسندگان :
  • تعداد کل پست ها :
  • آخرین بازدید :
  • آخرین بروز رسانی :
امکانات جانبی