تبلیغات
یار خدا - Ваҳдат дар гуфтори Оятулло Хоманаӣ
 
یار خدا
ز گهواره تا گور دانش بجوی
Мазоҳиби исломӣ бояд даст дар дасти ҳам бародарвор дар ҷиҳати аҳдоф ва ормонҳои баланди исломӣ ба кӯмаки ҳам ҳаракат кунанд. Душман умед баста аст, ки битавонад пайравони мазоҳиби гуногунро муқобили ҳам қарор бидиҳад. Ҳеҷ кас набояд таслими ин нақшаи хоинона ва хабосатомези душман бишавад. Онҳо мехоҳанд шиа дар муқобили суннӣ, суннӣ дар муқобили шиа (қарор гирад), дилҳо аз ҳам чиркин, нисбат ба ҳам бадбин (бошад). Онҳо инро мехоҳанд. Барои ҳамин аст, ки ман эълом кардам боз ҳам таъкид мекунам, ки хатти сурх аз назари низоми исломӣ ва аз назари мо, иборат аст аз иҳонат ба муқаддасоти якдигар. Он касоне, ки нодониста аз рӯи ғафлат, гоҳе аз рӯи таассубҳои кӯр ва беҷо, чи суннӣ ва чи шиа, ба муқаддасоти якдигар иҳонат мекунанд, намефаҳманд чӣ мекунанд. Беҳтарин васила барои душман ҳаминҳо ҳастанд, беҳтарин абзор дар дасти душман ҳаминҳо ҳастанд, ин хатти сурх аст
.

Суннӣ ва шиа ҳар кадом маросими мазҳабии худашонро, одоби худашонро, одоти худашонро, вазифаҳои динии худашонро анҷом медиҳанд ва бояд бидиҳанд. Аммо хатти сурх ин аст, ки набояд мутлақан байни инҳо ба хотири иҳонат ба муқаддасот − чи он чи ки аз сӯи баъзе аз афроди шиа ва суннӣ мисли салафиҳо ва амсоли инҳо содир мешавад, ки якдигарро нафй мекунанд - чизе баён шавад. Ин ҳамон чизе аст, ки душман мехоҳад. Ин ҷо ҳам бояд ҳушёрӣ бошад.

Суистифодаи душман аз ихтилофоти шиа ва суннӣ

Касоне, ки шиори иттиҳод ва ваҳдату бародарии муслиминро сар медиҳанд, инҳо душмани мусалмонон нестанд, дӯсти мусалмононанд, хайри мусалмононро мехоҳанд ва мойиланд ҳамаи муслимини олам азиз бошанд. Чӣ фоидае дорад, ки дар дохили ҷомеаи исломӣ, мусалмонон аз мазоҳиби мухталиф, рӯ ба рӯи ҳам биистанд ва ба ҳамдигар зарба бизананд? Аз он тараф ҳам душан биёяд, ҳар дуи инҳоро муҳосира кунад, сарашонро ба ҳам бикӯбад ва худаш бинишинад, тамошо ва истифода бикунад.

Агар мо мегӯем, ки шиа ва суннӣ дар канори ҳам қарор бигиранд, яъне шиа, шиа бимонад, суннӣ ҳам суннӣ бимонад. Мо чӣ мавқеъ ба олами тасаннун гуфтаем, ки манзурамон аз ваҳдат ин ки шумо шиа бишавед? Мо чунин чизе нагуфтаем... Мо намегӯем шумо мазҳабатро иваз кун, мо мегӯем шиа ва суннӣ бояд ҳамеша сари ақл бошанд, ҳамчунон ки биҳамдиллоҳ дар даврони инқилоби исломӣ, дар кишвари мо мушоҳида шуд. Нагузоранд душман аз ихтилофоти инҳо суистифода кунад. Баргузории ҳафтаи ваҳдат барои ин аст.

Ниёз ба тақриб дар дунёи ислом

Имрӯз дунёи ислом ниёзманди ин тақриб аст. Дар ин тақриб ҳамон тавр ки мукаррар гуфта шуд, ғараз ин аст, ки фирқаҳои исломӣ, дар мақоми фикр ва эътиқод ба якдигар наздик бишаванд. Эй басо бархе аз тасаввуроти фирақ нисбат ба якдигар, бо мубоҳиса ва музокира, ба истинтоҷи хубе мунтаҳӣ бишавад, шояд баъзе аз суитафоҳумҳо бартараф ва баъзе аз ақоид таъдил ва баъзе аз афкор ба таври воқеӣ ба ҳам наздик бишавад. Албатта агар ин бишавад, бисёр беҳтар аз ҳар шакли дигар аст. Ҳадди ақал ин аст, ки бар рӯи муштаракот таъкид бишавад, ин гуфтугӯҳо ва музокирот, камтарин фоидааш ин хоҳад буд. Бинобар ин, бояд аз тарҳи масоили тафриқаангез худдорӣ бишавад.

Сарбаландии дунёи ислом бо иттиҳоди муслимин

Як миллиард инсон дар дунё ҳастанд, ки дар бораи Худо ва паёмбар (с) ва намоз ва ҳаҷ ва Каъба ва Қуръон ва бисёре аз аҳкоми динӣ бо ҳам як ақида доранд, як ё чанд маврид ихтилоф ҳам доранд... Мо гуфтем як идда аз уламо ва мутафаккирон даври ҳам бинишинанд ва дар сатҳи илмӣ ва фарҳангӣ, барои тақриб ва наздик кардан, Муассисаи тақриби байни мазоҳиби исломӣ-ро ба вуҷуд оваранд. Чор мазҳаби фиқҳӣ дар аҳли суннат ҳаст, мазҳаби имомия, мазҳаби зайдия ва мазоҳиби дигари исломӣ ҳастанд. Инҳо бинишинанд бубинанд. Мо ин марказро ташкил додем. Иншоаллоҳ бародароне, ки масъули ин кор ҳастанд ва муайян шудаанд, онро бо қувват дунбол мекунанд. Ин кор, коре аст, ки Худои мутаол аз он розӣ аст ва сарнавишти ислом ба ин тавр корҳост. Агар муслимин даст дар дасти ҳам бигузоранд ва бо ҳам самимӣ бошанд, гар чи ақоидашон мухолиф бо якдигар бошад, аммо олати дасти душман нашаванд, дунёи ислом сарбаланд хоҳад шуд.

Таваҷҷӯҳи бештар ба ваҳдати ҷаҳони ислом

Як идда (аз касоне ки ҷуз шарру бадӣ бар уммати исломӣ намехоҳанд), қаламбадасту муздуру олими бедину резахори суфраи салотину мушкилдорони бедини оламро, ки аз ҳар касе хатарноктаранд аҷир кардаанд то дар баробари нидои ваҳдати инқилоби исломӣ, фарёди ихтилоф ва тафриқа сар диҳанд. Воқеан олиме, ки виҷдони бедор ва тақво надошта бошад, зарарноктар аз ҳар душмане бар ҷомеаи исломӣ аст. Ривоят аст, ки чунин олиме бар мусалмонон, зарарноктар аз гург бар галлаи гӯсфандон аст. Аммо ба баракати ном ва парчами ислом ва номи паёмбари акрам (с) ва ба баракати ҳафтаи ваҳдат, инқилоб бар тавтиаҳои онон фоиқ омадааст.

Ҳифзи ваҳдати калима

Ваҳдати калимаро ҳифз кунед. Мабодо касоне бо забонҳое бидуни қасду ғарази баде, фақат ба иллати иштибоҳ ва ба хотири ин ки маслиҳатро намефаҳманд ва намедонанд, ки чӣ бикунанд, чизҳое бигӯянд, ки мардумро дилсард бикунанд. Мутаассифона, гоҳе дар гӯшаву канор дида мешавад, ки баъзе маслиҳати худ ва маслиҳати инқилоб ва миллатро намефаҳманд. Мехоҳанд инқилобро зери суол бубаранд. Мехоҳанд як ҷабҳабандӣ дуруст кунанд, вале намефаҳманд, ки ин ҷибҳабандӣ ба ваҳдат зарба хоҳад зад.

Дар ислом ваҳдати муслимин яке аз фароиз аст

Мо мӯътақидем, ки ислом, ваҳдати муслимин ва иттиҳоди нерӯҳои мӯъмини ба Худо ва муваҳҳидро, яке аз фароиз қарор додааст. Чаро инҳо ин қадар аз ошноии муслимин бо ҳам метарсанд? Масъала ин аст, ки ваҳдати исломӣ ва ваҳдати биниш ва назар ва сухани муслимин, барои истикбор ва дар раъси он, Амрикои ғаддор ва барои абзорҳои ӯ дар дастгоҳи ҳокимияти султа дар олам, хатарнок аст. Ин ҳақиқате аст, ки Имом Хумайнӣ борҳо онро баён кард.

Таъкид бар эътиқоди росихи Имом Хумайнӣ ба иттиҳоди муслимин

Нуктаи дигар ин аст, ки Имом Хумайнӣ назари васеъ ба дунёи ислом дошт ва ба дунболи ҳамин дидгоҳи васеъ, эътиқоди росихи ӯ ба лузуми иттиҳоди муслимин буд. Ин он нуктаи асосӣ аст. Масъала ин нест, ки мазоҳиб ё фирақи исломӣ ва тоифаҳои гуногуни сиёсӣ ва эътиқодӣ ва маслакӣ ва ғайра, чӣ теъдод ҷамъият ё чӣ қадр қудрати сиёсӣ ва иҷтимоӣ доранд ё надоранд. Масъала ин аст, ки агар мо барои мушкилоти ҷаҳони ислом ба дунболи чорае ҳастем, ё ба таъбири дурустар, агар мо барои сарбаландӣ ва азамату иззати ислом ва Қуръон ва муҷоҳида мекунем, ин бо ихтилофу даргирӣ байни муслимин созгор нест. Имом Хумайнӣ қабл аз пирӯзии инқилоб ин ҳадафро дунбол мекарданд ва ба он тавсия менамуданд. Баъд аз пирӯзии инқилоб ҳам ба тариқи авло ин корро карданд.

Хадша дар ваҳдат, нуқтаи умеди душман

Як нуқта, масъалаи ваҳдат ва якпорчагӣ аст. Душманоне, ки ҳанӯз дар садад ҳастанд нисбат ба инқилоб ва низоми Ҷумҳурии исломӣ, ниятҳои хасмона ва шумашонро эъмол бикунанд, чашми умед ба ихтилофот бастаанд. Онҳо аз ваҳдат ва якпорчагии шумо мардум метарсанд, инро мутаваҷҷеҳ бошед. Миллати Эрон, ба ҳеҷ қимат набояд ваҳдат ва якпорчагии худашро аз даст бидиҳад. Масъулон бояд мутаваҷҷеҳ бошанд, ки бо ин якпорчагии азим, чӣ гуна бояд рафтор кард.

Адами иҷоза ба дастҳое, ки дар миёни миллат тафриқа меафкананд

Ҳеҷ кадом аз масъулони низом набояд иҷоза бидиҳем, ки дастҳое ё аз рӯи иноду ғараз ва ё аз рӯи ҷаҳолат, дар якпорчагии миллат тафриқа эҷод кунанд ва мардумро ба дастаҷот тақсим намоянд ва аҳвои ононро бо якдигар мутақобил ва мутазод бикунанд. Ин роҳҳое дорад. Бо ташар задан ва даъво кардан ва таҳдид кардан, ҳамеша ин мақсуд ҳосил намешавад. Бештар бо муҳаббат ва ҷалби қулуб ва ҷазб бояд ин мақсудро амалӣ кард.

Ваҳдати калима, зомини ҳамаи умур

Медонед, ки дар як ҳаракати дастачамъӣ, ваҳдати калима, зомини ҳамаи умур аст. Бидуни ваҳдати калима, ҳаракати дастаҷамъӣ имкон надорад, гар чи он ҳаракат, мутаваққиф ба панч ё даҳ нафар одам бошад.

Низоми Ҷумҳурии исломӣ, як ҳаракати азими илоҳӣ аст. Абъоди ин ҳаракат, ба абъоди марзҳои ин кишвар маҳсур нест. Ин ҳаракат, ҳатто ба ҳисорҳои замони кунунӣ ҳам маҳдуд намешавад, як ҳаракати азими таърихӣ аст. Бояд тавре бошад, ки наслҳои дигар ва миллатҳои мусалмони муосири мо, аз ин ҳаракат дарс бигиранд, нерӯ ба даст оваранд ва роҳашонро пайдо кунанд.

Рад кардани замзамаҳои тафриқа

Саъй кунед ин ваҳдатро, ки биҳамдиллоҳ имрӯз дар миёни миллати Эрон мустаҳкам аст, ҳифз кунед. Замзамаҳои тафриқаро аз ҳар кас, ки бошад, рад кунед. Нагузоред афроде аз рӯи нодонӣ ё худой нокарда аз рӯи ғараз, дар суфуфи миллат иншиқоқ эҷод кунанд. Ин миллат, ки бо якпорчагӣ ва ваҳдати худ тавонист ба ҳадафҳояш бирасад, бояд иншоаллоҳ ин ваҳдат ва якпорчагиро дар зери парчами ислом ва Қуръон ҳифз кунад



نوع مطلب : عمومی، 
برچسب ها :
لینک های مرتبط :
نظرات ()
 
لبخندناراحتچشمک
نیشخندبغلسوال
قلبخجالتزبان
ماچتعجبعصبانی
عینکشیطانگریه
خندهقهقههخداحافظ
سبزقهرهورا
دستگلتفکر





آمار وبلاگ
  • کل بازدید :
  • بازدید امروز :
  • بازدید دیروز :
  • بازدید این ماه :
  • بازدید ماه قبل :
  • تعداد نویسندگان :
  • تعداد کل پست ها :
  • آخرین بازدید :
  • آخرین بروز رسانی :
امکانات جانبی