تبلیغات
یار خدا - Ахмади Табрези
 
یار خدا
ز گهواره تا گور دانش بجوی

Ассор Шамсуддин Мухаммад ибни Ахмади Табрези


Ассор Шамсуддин Мухаммад ибни Ахмади Табрези, машхур бо Ассори Табрези аз шуарои асри 14 форсу точик буда, дар замони худ аз суханварони хуб махсуб мегардидааст. Бино ба маълумоти сарчашмахои муътамад бо газалсарои машхур Камоли Хучанди дусти доштааст. Соли таваллуди шоир маълум нест. Вафоташ дар байни солхои 1377-1380 сурат гирифтааст. Ассори Табрези аз илми шеър, нучум, риёзиёт, хандаса, фалсафа ва гайрахо бохабар будааст. Ассор муаллифи рисолахо оид ба илму бадеъ, кофия ва аруз мебошад. Вай шоири сохибдевон аст. Аз ашъори лирикиаш порчахо мондаанд. Ягона асари мукаммали Ассор, ки пурра то замони мо расидааст, достони «Мехр ва Муштари» буда, худи шоир онхоро «Ишкнома» хам номидааст. Достон аз 5120 байт иборат буда, соли 1376 ба назм дароварда шудааст. Дар достон аз ишки афлотунӣ, ки навъе аз дустии пурзури ошикона аст, рафокати шохзода Мехр ва писари вазир Муштари сухан рафта, гояи вахдати вучуд дар он мавкеи асоси дорад. Мехр бо Муштари дар як мактаб мехонад ва онхо бо хам мехр мебанданд. Бо гардиши айём Мехр ба дашти Кипчок ва сарзамини Хоразм афтода, духтари подшохи вилояти Хоразм Нохидро ба зани мегирад. Баъди ба балогат расидани писараш Мехр тахти подшохиро ба у супурда вафот мекунад. Дусти у Муштари низ аз олам мегузарад. Хар дуро дар як чо ба хок супурданд. Достон бо сабки шево суруда шуда, афкори хикматомези зиёд дорад. «Мехр ва Мох»-и Чамолии Дехлави дар пайравии он эчод гардидааст. «Мехр ва Муштари» ду бор (соли 1502 ва дар асри 17) ба турки тарчима шудааст.«Мехр ва Муштари» дар
инкишофи назми Озорбойчон низ таъсир расондааст.

ПОРЧАҲО АЗ ДОСТОНИ «МЕҲР ВА МУШТАРИ

Ба номи подшохи олами ишк, Ки номи уст накши хотами ишк. Савобашро зи ишкаш дог бар чехр, Ба чони хас гамашро Муштарӣ Мехр. Ба ёдаш осмонхо вачд ронда, Зи шавкаш ахтарон дар чарх монда. Фуругаш дар барии кухи гаронсанг Дарида чуссаи хорои худранг. Хаводори дараш чун мехри анвар Зи зарра бештар в-аз зарра камтар. Хирад дар рохи у аз по фитода, Равон дар пойи ишкаш сар нихода. Ба хар мачлис зи васлаш чустучуе, Ба хар махфил зи васфаш гуфтугуе. Фалак саргашта дар куи висолаш, Малак ошуфта аз шавки чамолаш. Зи охи бедилонаш хар сахаргох Фитода оташ андар хирмани мох. Замин афтодае аз дар куйи ишкаш, Хаво ошуфтае аз буйи ишкаш. Сари мехр аз хавояш гарм гашта, Дили санг аз каломаш нарм гашта. Мах аз шавкаш ба фарки сар давида, Зи мехраш субх пирохан дарида. Зи хоки куяш афсар бар сари дил, Зи савдояш ракам бар дафтари дил. Зи номи у «Мухаббатнома» номе, Зи икромаш бани одам кироме. Зи ёдаш хотири гамгин шуда шод, Вале бе боди у олам хама бод. Сифоти хуснаш аз авсоф беш аст, Хам у ошик, хам у маъшуки 
хеш аст


نوع مطلب :
برچسب ها :
لینک های مرتبط :
نظرات ()
 
لبخندناراحتچشمک
نیشخندبغلسوال
قلبخجالتزبان
ماچتعجبعصبانی
عینکشیطانگریه
خندهقهقههخداحافظ
سبزقهرهورا
دستگلتفکر





آمار وبلاگ
  • کل بازدید :
  • بازدید امروز :
  • بازدید دیروز :
  • بازدید این ماه :
  • بازدید ماه قبل :
  • تعداد نویسندگان :
  • تعداد کل پست ها :
  • آخرین بازدید :
  • آخرین بروز رسانی :
امکانات جانبی