تبلیغات
یار خدا - Адиб Шиҳобиддин Собир
 
یار خدا
ز گهواره تا گور دانش بجوی

Адиб Шиҳобиддин Собир

 

Адиб Шиҳобиддин Собир бини Исмоили Тирмизӣ аз шоирони маъруфи асри 12 милодӣ аст. Собир дар охири салтанати султон Ҷалолиддин Абдулфатҳ Маликшоҳи салҷуқӣ аз Тирмиз ба Хуросон омада, чанд сол дар мадрасаи Низомияти Ҳирот таҳсили илм намуд. Мероси боқӣ гузоштаи адиб Собир аз қасида, ғазал, қитъа, рубоиёт иборат аст. Девони ашъораш соли 1334 ҳиҷрӣ дар Теҳронба табъ расидааст.


«Адиб Собири Тирмизи яке аз бузургони шуарост, зеро ашхосе, ки лутфи сухани равон ва ширинро дармеёбанд ва ба зарофати сабк ва узубати баён ошно хастанд, бехтар хама медонанд, ки ашъори Адиб Собир дар равонии лутф ва дилангезии маъни ва хусни сабк чи макоме дорад ва аз хайси маонии дилнишин ва алфози азбу салим пас аз Рудаки ва Дакики хеч кас аз шуарои Туркистон мукаддам бар Собир нест» - бахо медихад Саид Нафиси. Адиб Собир соли 1078 дар шахри Тирмиз таваллуд шудааст. Давраи навраси ва камолоти у дар Тирмиз гузаштааст. Хаёти ин шоири шухратёр, пешбарандаи анъанахои бузургтарин симохои адабиёту фарханг, фозили хушахлок ва ширинсухани зарифтабъ бисёр ибратбахш, серташвишу пур аз вокеахо будааст. Макоми баланди Адиб Собири Тирмизи ва шухрати уро дар таърихи адабиёти форсу точик бисёр тазкиранависони гузашта, шаркшиносони маъруф, олимони дигари Эрон, адабиётшиносони шурави ва донишмандону адибони номвари мо, махсусан устод Садриддин Айни, Бобочон Гафуров, А. Дехоти ва дигарон таъкиду таъин кардаанд. Дар хакикат хам, Адиб Собири Тирмизи аз чумлаи шоиронест, ки дар таърихи тамаддуни адабии точик мавкеи хос ва муносибе доранд ва бо эчодиёти рангинашон дар пешрафти афкори ичтимоию эстетикии халк накшу таъсири мусбате гузоштаанд. Адиб Собирро яке аз амалдорони бонуфузи Хуросон - Абулкосими Али бинни Чаъфар, ки дар Нишопур истикомат дошта, зохиран козии он чо будааст, ба хизмат даъват мекунад. Дар аввалхои хизмат шоир, харчанд дурии диёру наздикон ва гарибиро хис кунад хам, кадре хушхолу осуда будааст. Аммо баъди чанде у озору таадди дида, ба сабаби тухмати нолоике аз хизмат дур шудааст. Дар ин вокеаи нохуш аз обу нон, молу мулк ва хонаю чой чудо гаштааст, ки инхоро дар касидахояш ба мамдух як-як зикр кардааст. Зиёда аз ин ба Рован ном мавзеъ бадарга хам шудааст ва аз таъкиботу фитнахои мазхаби зарархо дидааст:

То гашт гарди хотири ман хутбаи амал.
Масъуди Саъдвор кашидам гаромате.
Хабсе, ки доштам дар он хабс рах наёфт,
Дар гуши ман на бонги намозе, на комате.

Адиб Собир аз таъкиботу фитнахои мазхаби зарархои бисёре дидаву озодии мазхабиро хуш дидааст. Хаёти минбаъдаи Адиб Собир дар дарбори Султон Санчари Салчуки гузаштааст. Дар муддати кутохи шоири дарбор буданаш Султон Санчар чунон ба вай эътикод баст, ки уро хамчун шахси боварибахши давлати ба сифати сафири расми ба Хоразм мефиристад. Хамин тавр аз соли 1142 сар карда, Адиб Собир дар Хоразм зиндаги кардааст. У аввалхо дар дарбори шох Отсиз хамчун шоири номдор, сониян ҳамчун ходими намоёни давлати маркази хурмат мебинад. Отсизи Хоразмшох хамеша кушиш мекард, ки бо Мавр мунокиша кунад, аммо бо шарофати Адиб Собир як навъ муносибати муътадил нигох дошта мешуд. Аз ин сабаб дар дили Отсиз нисбати Адиб Собир кина сар мезанад ва хамеша дар паси азобу шиканча додани шоир мешавад:

Чу хок хорам аз ин рузгори сангдил.
Ки хоквор надорам ба назди халк махал.
Хамеша чашми халал суи холи ман нигарад.
Гумон барам, ки бад-у ошик омадааст халал.

Гузашта аз ин Отсиз аз пайи пинхони куштани худи хокими маркази- Султон Санчар мешавад. Ин накшаро Адиб Собир пай мебарад ва нишони он ду шахси кушандаро навишта, дар соки музаи пиразане ба Мавр равона мекунад. Накшаи Отсиз, ки амали намешавад, акнун тамоми кувваашро паси куштани худи Адиб Собир равон мекунад:

Эй ачаб обу хавоест дар иклими хунар,
Ки ба бустони хунар хор дамад настаранам.
Эй дарего, ки чу гул умри сабукхез бирафт.
Ки нахандид зи икбол гуле дар чаманам.
Дар пайи ман чи фитодаст фалак, хеч магар.
Ман на бардоштаи хусрави душманфиканам!
Не, макун, шохо дарёб, ки гар кушта шавам,
Барнаёяд хама олам ба бахои кафанам.

Шоир рузхои башумори умри хешро дар парешони ва азоби сахти рухи паси сар кардааст. Фурсати аз Хоразм баромада рафтан муяссар намешавад ва одамони Отсиз уро дастгир карда хонаашро зеру забар мекунанд. Адиб Собир дар тагаззули яке аз касидахояш бо мукоисае ниландудии руи худро аз захми даст чунин ишора кардааст:

Фалак чу руйи ман аз захми даст ниландуд.
Зи ашки дида бар у катра- катра чун симоб.

Руйи ниландуди худро аз захми даст хангоми бадаргаи мачбури дидааст, аммо хангоми марги фочеави азобхои сахти нобакоронро зиёдтар хис намудааст. Ва инак соли 1147 шоири ширинсухан, ходими давлати бо азобу ранчи беохир ва дасту пои баста дар яке аз шабхои тирамох дар Хоразм зуран ба Амударё гарк кунонида шуд. Адиб Собир осори бое доштааст ва сохиби девони бузурге будааст. Вале осори у то замони мо пурра омада нарасидааст ва нусхахои девонаш хам хеле камёбанд. Хушбахтона, ба адабиётшиносони мо муяссар шудааст, ки ду нусхаи дастнависи девони уро дар ибтидои солхои 60-ум аз китобхонахои Англия ба даст дароранд. Якеи ин девонхо тахти раками 911 дар китобхонаи Хиндустон, Оффиси Британия нигох дошта шуда, дигараш бо раками 540 or psi 656 дар музеи машхури давлатии ин кишвар махфуз аст. Шоири ширинадои малехгу ва покизаназм хам бо шаклу мазмуни эчодаш ва хам бо истеъдоди сиёсатдониаш аз шахсиятҳои шинохтаи гузашта мебошад. Хусни эстетикии чозибаи нихони ва ширинию равонии гуфтахояш бебахоянд ва у дар боби услуб ва равияхои эчоди хамчун давомдихандаи анънахои кадимтарин, хусусан анъанаи устод Рудаки эхтироми махсус дорад. Адиб Собир равияхои демократи ва миллии назмро, ки аз давраи Сомониён ибтидо гирифта буданд, собиткадамона давом додаст ва эчодиёти худро дар рухияи ифодаи охангхои халки зиндадилона, мазмунхои гуманистии инсони ва тасвирхои реалию садои дили шахсони озодфикр ташхис намудааст .

Соки каме карини кадах кун шаробро,
Мутриб, яке ба захми адаб кун рубобро.
Чом аз киёси обу май аз чинс оташ аст,
Соки , ба ёди маркаби оташ кун обро.

 

Диламро дида ошик кард, ошик,
Ки дилро ишк лоик буд, лоик,
Маро доранда маъшук аст, маъшук,
Дилам пайваста ошик аст, ошик.
Бад-он дилбар супурдам дил, ки дорад,
Чамолаш чумлаи хусни халоик.

 

Эй бо ту дилам хама вафо карда,
Бо ман дили ту хама чафо карда.
На ухдаи ошики ба сар бурда,
На ваъдаи мардуми вафо карда.
Моро ба болои ишк рах дода,
В-онгах ба миёни рах рахо карда.


نوع مطلب : شاعرانه، 
برچسب ها :
لینک های مرتبط :
نظرات ()
 
لبخندناراحتچشمک
نیشخندبغلسوال
قلبخجالتزبان
ماچتعجبعصبانی
عینکشیطانگریه
خندهقهقههخداحافظ
سبزقهرهورا
دستگلتفکر





آمار وبلاگ
  • کل بازدید :
  • بازدید امروز :
  • بازدید دیروز :
  • بازدید این ماه :
  • بازدید ماه قبل :
  • تعداد نویسندگان :
  • تعداد کل پست ها :
  • آخرین بازدید :
  • آخرین بروز رسانی :
امکانات جانبی