تبلیغات
یار خدا - нақши паёмбар(с) дар мубориза бо ҷаҳл ва нодони
 
یار خدا
ز گهواره تا گور دانش بجوی

нақши паёмбар(с) дар мубориза бо ҷаҳл ва нодони

муқаддима:

   барои инки нақши паёмбари ислом ҳазрати Муҳаммад (с) ро дар аз байн бурдани бесаводи ва поракардани занҷирҳои ҷаҳлу нодони аз ҷомеи башари возеҳтар баён кунем матолиберо аз увзо ва фарҳанги ҷомиа онруз баён медорем ки мардум ва ҷомиа қабл аз беъсати паёбар чи афкор ва ақоид ва фарҳангҳое доштанд.

Таърифи ҷаҳл

 Ҷаҳл фақат ба маънои надонистани улуми модди нест яъне нодони фақат ба маънеи илмнадоштан ба робитаи падидаҳои табии нест ва ниёзи воқеи инсонҳо ин улуми модди намебошад гарчи “нафси илм” сутуда шуда ва хуб аст. Ва улуми модди барои беҳбуди зиндагии моддии башар кумак мекунад, аммо инсон ба илме ниёзи воқии ва ҳақиқи дорад, ки зиндагии уро маъно бидиҳад, дар мувриди офаридгор ва холиқи инсон ва сарнавишти инсон огоҳи ва маълумот бидиҳад, ки чи сарнавиште дар интизори инсон аст бинобарин агар касе файласуфи даҳр ҳам бошад вале надонад ки аз куҷо омада аст ва баҳри чи омада аст ва ба куҷо хоҳад рафт яъне сарнавишти худро надонад ва холиқ ва офаридгорашро нашносад ва вазоифи худ дар қиболи холиқи худро надонад ҷоҳил маҳсуб мешавад.

Увзои фарҳанг ва савод қабл аз ислом дар миёни мардум ҷазиратулараб  увзои фарҳанг ва саводи мардум тавре буд ки дар кулли мантақа шабиҳи Ҷазиратулараб фақат чанд нафар хондан ва навиштанро доштаанд. Барои низом арзиши илм дар миёни Араб кофи аст, ки бидонед дар замони тулуи ситораи ислом дар миёни қавми Қурайш фақат ҳабдаҳ нафар тавоноии хондан доштанд. Дар шаҳри Мадина дар миёни дугуруҳ “ Увс” ва “Хазраҷ” фақат ёздаҳ нафар саводи хондан ва навиштан доштанд.[1]


Ақоиди Араб қабл аз ислом

Гуруҳе аз Аъроби аҷроми Самовиро парастиданд. “хуршед” худои муаннас  ва “ моҳ” худои музаккар ҳамсари хуршед буд. Онон асомии хуршед ва моҳ ва ситорагонро ба фарзандони худ мениҳоданд: Абдулшамс, Абдулшориқ, Абдулнаҷм, Абдулсарё. Ситораи зуҳра низ парастида мешуд. “қазҳ” худои туфон буд ва “лот” худои офтоб шумурда мешуд. “мино” ба маънои марг аз реша “мания” ки ҷамъи он “маноё” ва “манвот” аст, дар назди ақвоми Канъони мавриди парастиш буд. “маноф” худои дигари аъроб буд. “вид”худои Аъроб буд. Аъроб ба руҳ ва ҷин ва ғулпарасти  муътод буданд.

Бидъатҳое ки бидуни ҷиҳат ва далил дар он замон гузошта мешуд

Дар байни Араб ҷангҳо ва таассуботи қамви зиёде барқарор буд, намунаи боризи онро байни қавми “Авс” ва “Хазраҷ” метавонед мушоҳида кард.

Саййидмуҳаммади Олусӣ дар китоби “булуғул араб фи маърифати аҳволул Араб” ақидаҳои афсонаи ва хурофаҳои зиёде аз мардуми шабеҳи ҷазира (Арабистон, Яман ва Иморот ва ...) ро бо зикри як силсила шавоҳид оварда ва баён намуда аст. Инсон пас аз муроҷиа ба ин китоб мебинад хурофаҳо ва ақоиди ботил ва афсонаи зиёде мағзи Араби ҷоҳилиро пур карда буда аст.

Агар гови модда ов намехурд, гови нарро мезаданд:

Говҳои нар ва моддаро барои нушидани об, канори ҷуйи об мебурданд, гоҳе мешуд ки говҳои нар, об менушиданд, вале говҳои модда лаб ба об намезаданд, онон тасвир мекарданд, ки иллати имтиноъ, ҳамон вуҷуди девҳо ба сару сурати говҳои нар мезаданд.

Ва низ агар дар меёни шутурон, шутури беморе пайдо мешуд шутури солимеро доғ мезаданд то он беҳбуди пайдо кунад, шутуреро дар канори қабре ҳабс мекарданд, то соҳиба қабр ҳангоми қиёмат пиёда маҳшур нашавад: агар марде бузурге фавт мекард, шутуреро дар канори қабри ӯ дар миёни гудоле ҳабс мекарданд, ва обу алаф ба у намедоданд, то ҷон супорад, ва мутаваффо рузи растохез бар он савор шавад, ва пиёда маҳшур нагардад.

Кайфияти муолиҷаи беморон:

Агар алоими ҷунун дар касе зоҳир мегардид, барои рондани арвоҳи хабиса ба касофот паноҳ бурда, куҳнаи онлуда ва устухони мурдагонро ба гардани вай меовехтанд. Барои инки баччаи онҳо девзада нашавад, дандони рубоҳ ва гурбаро ба нахе баста ва ба гардани баччаҳо меандохтанд.

    А: вижагиҳои беъсати паёмбар ва муҳимтарин вазифа ва ҳадафи Ӯ яке аз вижагиҳои беъсати паёмбари ислом бо оя ва калимаи “иқраъ” аст, иқраъ яъне бихон ва низ муъҷизаи ҳамешагии паёмбар (с) ҳам китоби мунзал яъне Қуръони Карим аст, ки назираш набуда аст, ва он китоб ҳамаи улуме ки мунҷар ба саодати ҳақиқии инсон мешавадро дорад, ва дар ин китоб ҷовидона, ҳадафи асосии рисолати ҳазрати Муҳаммад (с) яке “яззаккаҳум” таҳзиб ва тазкияи ахдоқ ва нуфуси инсонҳо буда аст ва вазифаи дигари Ӯ (( яъламаҳумул китоб)) ва таълими ҷомиаи башарият буда аст. Дар ин Қуръон оёти зиёде вуҷуд дорад, ки вазифа ва низ ва амали паёмбарро огоҳибахши ба мардум ва поракардани занҷирҳои ҷаҳлу нодони аз даст ва пои мардум медонад. “و یضع عنهم اصرهم والاغلال التی کانت علیهم[2]” паёмбар (с) борҳо ва  занҷирҳои мардумро бармедорад. Ва аз тарафе китмони илмро мазаммат менамояд: ........................................... ва тақлиди куркурона ва бедалилро рад ва нодуруст медонад.

    Б: амал ва суннати паёмбар дар аз байнбурдани ҷаҳл ва тарвиҷи илм ва басират

1 – муборизаи паёмбари ислом бо ин хурофот

Рузеки Муҳаммад – саллалоҳу алайҳи ва саллам – чаҳорсол син дошт ва дар саҳро зери назари доя ва модари ризоии худ “Ҳалима” зиндагӣ менамуд, аз модари худ хост, ки ҳамроҳи бародарони ризоии худ ба саҳро равад. “Ҳалима” мегуяд: фардои онруз, Муҳаммадро шустушу додам ва ба муҳояш руған задам, ба чашмонаш сурма кашидам, ва барои онки девҳои саҳро ба Ӯ садама нарасонанд, як муҳраи Ямони ки дар нах қарор гирифта буд барои муҳофизат ба гардани Ӯ овехтам. Муҳаммад – саллалоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам – дар чаҳорсолагӣ муҳраро аз гардан даровард ва ба модари худ чунин гуфт: “مهلا یااماه. فان معی من یحغظنی”. Модарҷон оромбош, худои ман ки пайваста бо ман аст, нигаҳдор ва ҳофизи ман аст.[3]

2-: сохти марокази фарҳанги ва даъват ба таовун ва ҳамкори

  Аввалин амали паёмбари Акрам (с) дар бадув вуруд ба Мадина сохти масҷид буд ва он ҳазрат дар ин масҷид тамоми фаолиятҳои мардуми, дини ва иҷтимоии худро анҷом медоданд ва дар ҳақиқати маркази барои пайгирии масоили уммати ислом буду низ таъкидоти зиёде бар иҷтимоот ва ваҳдат ва банои масоҷид ва садақаҳое ҷория намудаанд.

Масҷид аз оғоз на танҳо маҳалли ниёйиш ва ибодат, зикр, ва из ва хитоба таҷаммуи муъминон ва дар сооти хос буда, балки маҳалли иблоғи аҳком ва дастурҳо ва омузаҳои дини, ҷойгоҳи қазоват ва додраси, ситоди таблиғот, ва марказе барои рафъи мушкилоти мардум низ буда аст.

3-: фиристодани маблағ ба шаҳрҳо барои аз байн бурдани ҷаҳл ҳангоме ки маозибни Ҷибилро ба Яман еъзом намуд ба Ӯ чунин дастур дод “و امت امر الجاهلیه الا ما سنه الاسلام و اظهر امر الاسلام کله صغیره و کبیره[4]”яъне ей Маоз: осори ҷоҳилият ва афкор ва ақоиди хурофиро, аз миёни мардум нобуд кун! Ва суннани исломро (ки ҳамон даъват ба тафаккур ва тааққул аст,) зинда намо.

4-: фидя қарордодани таълими китобат аз тарафи паёмбар

Эҳтимоми расули Худо (с) ба амри омӯзиш ва парвариш ба ҳадде буд ки ба мушриконе ки дар ҷанги Бадр ва исорати сипоҳи ислом даромада буданд ва тавони пардохти фидяи озодии худро надоштанд, ва дар миёни онон иддае буданд, ки савод доштанд ва эълон карданд ки метавонанд ба таълими хондан ва навиштан ба даҳ нафар аз кудакони ансор озод шаванд.[5] Ин амал муҷиб шуд ки бисёре аз кудакони мусалмон хондан ва навиштан биёмузанд, ки Зайдибни Собит дар зимри онон хондан ва навиштан омухт.[6]

5 – муқобила ва мубориза бо афкори ҷоҳилона гарчи ба нафъи тараф бошад

   Дар соли нуҳуми ҳиҷри буд ки фарзанди паёмбар (с) ба номи Иброҳим аз дуё даргузашт ва паёмбари Акрам (с) дар суги фарзанди ҳаждаҳмоҳааш, Иброҳим, нишаста буд. Иттифоқан дар ҳамонруз хуршед гирифт ва чеҳраи шаҳри Мадинаро дигаргун сохт. Аммо муҳимтар аз худ ин ду ҳодиса ин буд ки мардум аз тақорун ва ҳамзамонии онҳо дардошти дини карданд. Сухане ки дар миёни мусалмонон даҳон ба даҳон мегашт ва ба суръат дар шаҳр печид ин буд ки хуршед барои Иброҳим ибни муҳаммад азо гирифта ва сугвори мекунад. Муҳаммад (с) паёмбари худост ва табии аст ки моҳу хуршед ва ситорагон дар суг ва азои Ӯ шарики карданд.

Паёмбари Худо (с) ин шойиаро мешунавид ва чунон мутаассир мешуд, ки ғами ҷонкоҳ вафоти фарзанди дилбандро фаромуш мекунад,  ва бедуранг ба масҷид омада мардумро фаро мехонад. Ӯ бар фарози минбар меравад ва мефармояд: “ الشمس و القمر آیتان من ایات الله یجریان بامره مطیعان له لا ینکسفان لموت احد و لا لحیاته”. Хуршед ва моҳ оёт ва нишонаҳое аз нишонаҳои Худоянд ва ба фармони Ӯ дар ҷараёнанд ва аз Ӯ итоат мекунанд. Онҳо ҳаргиз на барои марги касе мегиранд ва на барои таваллуди касе.[7]

7 – рафтори хирадмандонаи паёмбар(с) дар қиболи рафторҳои ҷоҳилонаи мардум ончи аз оёти қуръони ба даст меояд ин аст ки тактаки паёмбарон дар ҳар даврае ба унвони чароғи роҳи ҳидоят дар ҷомиаи хеш матраҳ буданд ва намунаи як инсони оқил ва хирадманд буданд ва бехирадии бархе аз афроди қавм, онҳоро ба аксуламали мисли худ онон вонамедошт балки саъй бар он доштанд ки ҳам дар муқобили изҳор ва назарҳои номаъқули мухолифон, посухҳои маъқул ва хирадмандона бидиҳанд ва виҷдони хуфтаи онҳоро бедор созанд ва ҳам дар баробари аъмоли ношойисте ки нисбат ба паёмбарон анҷом медоданд равиши муносиб ва ҳидоятгарона дошта бошанд. Аз инру ҳеҷяк аз паёмбарон аз инки онҳоро сафия ва ё девона ва ғайра мехонданд, асабони нашуда ва монанди худи онҳо бо онон рафтор накарданд балки дар марҳалаи аввал аз худ рафъи иттиҳом мекарданд ва сипас далил ва бурҳони худро ба онон гушзада менамуданд ва ба онон мефарҳмонданд ки изҳори назари онон ва ё ақидае ки нисбат ба масолаи доранд аз руи ақл ва хиради иттихознашуда аст.

8 – аҳдофи ҳукумат ва вазоифи ҳоким

Яке аз аҳдофи ҳукумат дар дини ислом зудудан ва дур кардани ҷаҳл аз мардум ва болобурдани сатҳи фикри ва огоҳии омма аст, чунонки яке аз ёрони ҳазрати расули Акрам ва халифаи барҳаққаш ҳазрати эмом Али (а) яке аз муҳимтарин вазоифи ҳукуматии диниро зудудани ҷаҳлу нодони мешуморад ва яке аз ҳуқуқи аслии мусаллами мардумро нисбат ба ҳукумат ҳамин амр ба ҳисоб меоварад ва мефармояд: ҳаққи шумо бар ман ин аст ки хайрхоҳ ва насиҳатгари шумо бошам, ва ҳамвора амвол ва сармояҳои шуморо бештар ва дар ҷиҳати мунофеъи шумо ҳидоят намоям, ва сатҳи огоҳии шуморо боло бибарам мабодо ҷоҳил ва ақабмонда бимонед ва дар ҷиҳати омухтани одоб ва парвариши шумо кушо бошам то олиму доно гардед.[8]

6 – ташвақи паёмбар асҳоби худро ба омӯхтани илм ва касби маҳорат

Расули худо (с) хутбаи ғуррое ҳадаф аз илм ва илмомузиро чунин баён фармудаанд:

“талаби илм бар ҳар мусалмоне воҷиб аст, пас онро дар ҷойгоҳаш талаб кунед ва аз аҳлаш бигиред, ба дурусти ки илму таълим доданаш дар роҳи Худо неки аст ва талабаш ибодат аст ва мубоҳиса дар он тасбеҳ аст ва амал ба он ҷиҳод ва омузишаш ба касе ки онро намедонад садақа аст ва базли он ба аҳлаш мояи наздики ба Худост; чароки дониш нишондиҳандаи ҳалолу ҳаром аст ва ба ҷуяндааш роҳи биҳиштро менамоёнад ва дар ваҳшат мунис аст, ва дар танҳои ҳамроҳ ва дар хуши ва нохуши роҳнамост ва салоҳе бар зидди душманон аст, ва зеваре барои ҳамдилон. Худованд касонеро бо он бармеафрузад ва пешвоён хайр ва неки қарорашон медиҳад ки дигарон ба ешон иқтидо мекунанд ва бар аъмолашон менигаранд ва аз осорашон иқтибос мешавад ва фариштагон ба дурусти бо онҳо рағбат меварзанд ва бо болҳояшон онҳоро дар намоз ламс мекунанд ва ҳар чизе ҳатто моҳиён ва ҷонварони дарёҳо ва дарандагон ва чаҳорпоёни хушки барои онҳо омурзиш металабанд; чароки дониш ҳаёти дилҳо ва рушаноии дидагон баробари нобинои ва тавоноии пайкарҳо дар баробари нотавоне аст, Худо омилони донишро ба ҷойгоҳҳои баргузидагон мерасонад ва маҷолиси неконро дар дунё ва охират арзонияшон медорад бо дониш Худованд итоат ва парастида мешавад ва бо дониш аст ки Худо шинохта мегардад ва ягона дониста мешавад ва бо дониш аст ки пайванд миёни хешовандон анҷом мегирад ва ҳалол ва ҳаром шинохта мешавад, дониш пешвои амал аст ва амал пайрави он Худованд онро ба некбахтон илҳом мекунад ва тирабахтонро аз он маҳрум медорад.”[9]



[1] - Оятуллоҳ Субҳонӣ, Ҷаъфар, фарозҳое аз торихи паёмбари ислом(с) 25 ба нақл аз Абулҳасани Балозӣ, Фатуҳул Балдон с 457 ва 459.

[2] .Аъроф/157

[3] . баҳоруланвор ҷ15/392

[4] .сираи ибни Ҳишшом, ҷ 3 с 412. Туҳафул Уқул, с 25

[5] .- имтоъул Асмоъ, ҷ1, с 101; аттабақотул кубро, ҷ2, с22; муснади аҳмади Ҳанбал, ҷ1, с247; Аюнул Асар, ҷ1 с 373; аттаротибул Адория,ҷ1, с48.

[6] .Ҳумон.

[7] .Фуруғи Абадият, ҷ2, с 804 -800

[8] .Наҳҷулбалоға, хутбаи 34

[9] .Иршодулқулуб, пешин, ҷ 1, с 165 ва амоли Туси, пешин, с 487



نوع مطلب : معصومین(ع)، 
برچسب ها :
لینک های مرتبط :
نظرات ()
شنبه 12 اسفند 1391 08:01 ب.ظ
با سلام
بدون قرعه کشی شارژ ایرانسل و همراه اول رایگان 10 هزار تومانی بگیرید
فقط برای مدت محدود
پس همین الان کلیک کنید
http://q.gs/3YtIo
با تشکر
شنبه 12 اسفند 1391 02:45 ب.ظ
سلام
بسیار وبلاگ خوبی دارید خوشحال میشویم عکس و فایل های شما را میزبانی کنیم
آپلودسنتر عکس و فایل پی سی روم
آپلود اکثر فایل های کامپیوتری
بدون محدودیت
ثبت شده در ستاد ساماندهی
با ماندگاری همیشگی
بدون نیاز به ثبت نام
http://up.p30room.ir
با تشکر
 
لبخندناراحتچشمک
نیشخندبغلسوال
قلبخجالتزبان
ماچتعجبعصبانی
عینکشیطانگریه
خندهقهقههخداحافظ
سبزقهرهورا
دستگلتفکر





آمار وبلاگ
  • کل بازدید :
  • بازدید امروز :
  • بازدید دیروز :
  • بازدید این ماه :
  • بازدید ماه قبل :
  • تعداد نویسندگان :
  • تعداد کل پست ها :
  • آخرین بازدید :
  • آخرین بروز رسانی :
امکانات جانبی